Тафсир. Марги малика Элизабети дувум ва подшоҳии Чарлзи сеюм
-
Малика Элизабети дувум даргузашт
Элизабети дувум, маликаи Британия пас аз ҳафт даҳа салтанат дар синни 96 солагӣ даргузашт.
Кохи салтанатии Букингҳоми Англия бо судури баёнияе расман хабари фавти маликаи ин кишварро эълом кард ва ба ин тартиб писараш Чарлзи 73 сола бо унвони расмии Чарлзи сеюм бар тахти подшоҳӣ менишинад.
Элизабет гуфта буд, ки дар синни 95 солагӣ тоҷу тахтро ба писараш вогузор хоҳад кард. Ӯ дар солҳои охири умраш бахши қобили таваҷҷуҳе аз ихтиёроти салтанатиро байни аъзои ҷавонтари хонадони салтанатӣ вогузор карда буд, аммо аз мақоми худ канорагирӣ накард.
Элизабет мутаваллиди 21 апрели 1926 буд ва пас аз марги падараш шоҳ Ҷорҷи шашум дар 6 феврали 1952 ба салтанат расид ва 70 сол салтанат кард, ки тӯлонитарин муддат дар хонадони салтанатии Британия аз ибтидо то кунун аст. Инак тоҷу тахт ба писараш Чарлз расидааст.
Бо вуҷуди ин ки гуфта мешавад, ки мақоми салтанат дар Британия ташрифотӣ аст, аммо нигоҳе ба ихтиёроти он нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам подшоҳи Британия аз ихтиёроти қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст.
Подшоҳ метавонад эълони ҷанг кунад, маҷлисро барҳам диҳад, нахуствазирро барканор кунад ва ҳатто фарди мавриди назари худро ба унвони нахуствазир интихоб кунад, бидуни ин ки ниёзе ба посухгуӣ дошта бошад.
Подшоҳ дорои чунон имтиёзоти вижае аст, ки агар дар кишвари дигаре ин равия вуҷуд дошт, расонаҳои британияӣ онро табъизомезу намунаи як ҳокимияти ғайридемократӣ тафсир мекарданд.
Ихтиёроти малика Элизабет дар бораи кишварҳои муштаракулманофеъ низ, ки замоне мустаъмираи Британия буданд, дар ҳадди Британия буд то ин ки ба мурури замон бархе аз ин кишварҳо монанди Канада ва Австралия бар асари эътирозоти мардумӣ ва аҳзоби ин кишварҳо ба тадриҷ ин ихтиёротро камтар карданд.
Масъалаи дигаре, ки дар бораи хонадони салтанатии Британия қобили тавваҷуҳ аст, вуҷуди ихтилофи назарҳои шадид дар он аст. Барои мисол Меҳган Моркл, ҳамсари принс Ҳари, набераи малика Элизабет дар мусоҳибае марти 2020 сароҳатан аз вуҷуди нажодпарастӣ дар ин хонадон сухан гуфт. Рангинпӯст будани Меҳган ва тааллуқ доштани ӯ ба хонаводае нисбатан оддӣ мавориде набуд, ки дар миёни сокинони кохи Букингҳом осон пазируфта шавад.
Дар айни ҳол интиқоли қудрат аз малика Элизабет ба Чарлзи сеюм дар ҳоле сурат мегирад, ки дархостҳо барои поёни низоми салтанатӣ дар Британия боло гирифтааст. Мансух шудани низоми салтанатӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳону ҳаводорӣ аз низоми ҷумҳурӣ, ки дар он мақомоти аршади ҳукуматӣ ва низомии як кишвар бо орои мардум интихоб мешаванд низ муҷиби афзоиши дархостҳо барои канор гузоштани низоми салтанатӣ дар Британия шудааст.
Масъалаи дигаре, ки матраҳ аст, рӯйкардҳову гароишоти Чарлзи сеюм, подшоҳи ҷадиди Британия аст. Роберт Ҷобсон, коршиноси хонадони салтанатии Британия дар китоби «Чарлз дар 70 солагӣ: андешаҳо, орзӯҳо ва руъёҳо» менависад: Чарлз мухолифи сиёсатҳои зиддиисломии бархе кишварҳои аврупоӣ аст ва ба назари ӯ ин қавонин нақзи ҳуқуқи башар аст. Чарлз ҳамчунин гуфтааст, ки дигар тамоюле надорад то ба унвони арусаки хаймаи шаббозӣ барои фурӯши силоҳ ба кишварҳои арабӣ, мавриди сӯиистифода қарор гирад”.
Бар асоси ин китоб, Чарлз аз мухолифони сиёсатҳои ҷангталабонаи Британия аст. Ӯ дар соли 2003 мухолифати худ бо ширкати Британия дар ҷанги Ироқро ба Тони Блер, нахуствазири вақти Британия эълом карда ва дар бораи иддаои давлати Блер дар бораи вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ тардид дошт ва ба наздиконаш гуфтааст, ки нахуствазир бояд бо кишварҳои минтақа дар бораи ҳамла ба Ироқ машварат мекард.