Октябр 15, 2022 14:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи аслии нишасти Осиёи Марказӣ-Русия, густариши ҳамкори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия унвон шудааст
    Ҳадафи аслии нишасти Осиёи Марказӣ-Русия, густариши ҳамкори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия унвон шудааст

Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба воқеъиятҳои майдонӣ ва зарурати тағир дар қутб бандии назми ҷаҳонӣ дар такопуи густариши равобити минтақаӣ бо ҳадафи таъмини манофеъи худ ва убур аз меҳравият дар хушки ҳастанд.

Нишасти руасои ҷумҳӯрии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар Остона, пойтахти Қазоқистон рӯзи ҷумъа (14 октябр) баргузор шуд. Руасои Ҷумҳӯрии Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон дар нишасти чашмандози ҳамкориҳои шаш ҷонибаро дар мавзӯъоти мухталиф барраси кардаанд.

Ҳадафи аслии нишасти Осиёи Марказӣ-Русия, густариши ҳамкори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия унвон шудааст. Русия муҳимтарин шарики тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин нишасти Осиёи Марказӣ ва Русия буд.

Дар рӯзҳои ахир пойтахти Қазоқистон шоҳиди се нишасти минтақаии муҳиме будааст ба тавре, ки пеш аз ин нишасти сарони кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ (ҳамсӯд) дар Остона баргузор шуд ва дар поёни он чандин иқдоми муштарак аз ҷумла барномаи мубориза бо терроризм то соли 2025 ба тасвиб расид.  Ҳамчунин шашумин иҷлоси сарони конфронси таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (CICA) бо ҳузури Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ин шаҳр бо судури баёнияе поён ёфт ва муқарар шуд, (CICA) аз конфронс ба Созмон тағир кунад.

Рушди раванди минтақагароӣ дар Осиё ва хусусан Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба баҳавулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва жеополетик дар ҷаҳон, ҷанбаи ҷадиде дар ҳукумрони дар минтақаро намоён месозад. Тағир дар ҳиндесеи қудрати ҷаҳонӣ аз раҳгузҳари эҷоди назми ҷаҳонии чанд қутби бо ҳадафи муқобила бо салтагарии Амрико дар чанд даҳҳаи ахир аз ҷумла паёмадҳои ташкили ташкилҳо ва Созмонҳои минтақаӣ дар Осиё ба шумор меояд.

Саргузашти таърихи муштарак, муҳоҷирати мутақобили шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, равобити иқтисодӣ, манобеъи энергия ва интиқоли он, мавқеъияти ҷуғрофоёии Русия, таъмини назм ва амнияти минтақа аз тариқи Созмони Ҳамкори Шанхай ва Созмони паймони амнияти даста ҷамъӣ ҳамаги дар канори  руҷӯъ ба таҷрубаи ҷанги Украина кишварҳои Осиёи Маказиро ба ин натиҷа расонед, ки ин муалифиҳои воқеъӣ пеш аз лофи ғарбиҳо муъодилоти майдониро шакл медиҳанд. Аз ин рӯ кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш дар саддаи густариши минтақагароӣ баромадаанд ва манофеъи худро дар гарави ҳамкории муштарки минтақаӣ талқи мекунанд.

Ҳузӯри қудратҳое ҳамчун Ҷумҳӯрри Исломии Эрон, Русия, Чин ва Ҳинд дар канори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмонҳои Осиёӣ дар замони кунуни тағир аз якҷонибагароӣ ва чандҷонибагароии ғарбиро ба чандчонибагароии Осиёӣ нишон медиҳад. Аз ин рӯ ҳатто торнамои  саҳюнистӣ ҷи пуст дар заминаи нишасти сарони ҳамкории Шанхай ва (CICA) дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар гузорише навиштааст: Агар мехоҳед бубинед дунё бидуни нуфӯзи Амрико чигуна хоҳад шуд, метавонистид ба унвони нозим ба конфронси Созмони Ҳамкорҳои Шанхай дар Қирғизистон ҳузӯр пайдо кунед ва сипас рӯзи шанбе барои ширкат дар конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё дар Тоҷикистон ширкат кунед.

Бинобарин метавон гуфт, шаклгирии ин ниҳодҳо ва ҳамкориҳои митақаӣ дар Осиё дар канори бӯҳронҳои сохторӣ ва дарунии ниҳодҳои ғарбӣ ҳамонанди Иттиҳодия Аврупо ва НАТО бо таваҷҷӯҳ ба ҳазинаҳои боли узвияти дар онҳо, нишонгари заволи назми ҷаҳонӣ мавриди писанди Ғарб ва Амрико ва тақвияти ҷаҳони чанд қутбӣ бар асоси ҳамкори дар меҳвари Осиёӣ аст.

Таҷрӯбаи муваффақи ҳамкориҳои Осиёӣ дар қолаби ниҳодҳои мухталифи байни кишварҳое ҳамонади Ҷумҳури Исломии Эрон ,Русия Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба улгуи самарбахш дар таҳири жеополетики қудрати дар ҷаҳон мунҷар шавад, ки монеъ аз салтагароии Амрикоӣ шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп