Октябр 25, 2022 19:17 Asia/Dushanbe
  • Риши Сунак расман нахуствазири Британия шуд
    Риши Сунак расман нахуствазири Британия шуд

Чорлези сувум подшоҳи Британия расман Реши Сунакро ба унвони нахуствазири ин кишвар таъин кард.

Ин таъин дар миёни буҳрони сиёсӣ ва ошуфтагии иқтисоди Британя анҷом шуд, ки Лиз Трасс нахуствазири собиқро камтар аз ду моҳ баъд аз таъин ба канорагири маҷбур кард. Трасс ҳафтаи гузашта дар ҳоле, ки бисёри дар Британия аз барномаҳои иқтисодии вай хашмгин буданд аз мақоми худ истъфо дод.

Чорлези севум баъд аз пазириши расмии истефои Трасс, Сунакро ба нахуствазири таъин ва аз у хост давлат ташкил диҳад акнун Сунак севумин нахуствазири британя дар камтар аз ду моҳи гузашта аст.

Лиз Трасс танҳо 49 руз пеш понздаҳумин нахуствазири Британия лақаб гирифт Трасс, ки кутоҳтарин даври нахуствазири дар таърихи Британяро ба номи худ сабт кард дар суханронии худофоҳизии худ бар ҳимояти Ландан аз Украина таъкид кард.

Рузи гузашта Пени Мурдонт, вазири дифоъи пешини Британия аз рақобат барои раҳбарии ҳизби ҳоким ва нахуствазири канор рафт ва Риши Сунак танҳо номзади ин мансаб шуд.

Борес Ҷонсон нахуствазири пешин ҳам пештар аз рақобат канорагири карда буд Ҷонсон дар тавзеҳи иллати инсирофи худ аз рақобат барои раҳбарии ҳизби муҳозикор гуфта буд: То замоне, ки як ҳизби якпорча надошта бошед наметавонед ба таври муассир ҳукумат кунед.