Лоиҳаи Конгресси Амрико барои мамнӯияти кӯмак ба гурӯҳҳои террористӣ
(last modified 2016-12-10T06:41:20+00:00 )
Декабр 10, 2016 11:41 Asia/Dushanbe
  • Лоиҳаи Конгресси Амрико барои мамнӯияти кӯмак ба гурӯҳҳои террористӣ

Конгресси Амрико дар лоиҳае бо сароҳат ҳимояти ҳукумати ин кишварро аз ДИИШ, “ал-Қоида”, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва кишварҳои ҳомии онҳо мамнӯъ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, гурӯҳе аз қонунгузорони Амрико аз ҳарду ҳизб, демократ ва ҷумҳурихоҳ тарҳеро барои мамнӯияти мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна ва саросари ҷаҳон ироа карданд. Ин тарҳ дар ҳоле ироа мешавад, ки  чанд рӯз пеш Барак Обама, раисҷумҳури Амрико маҳдудиятҳоро дар заминаи таъмини силоҳ барои муттаҳидони Амрико дар Сурия лағв кард.

Лоиҳаи ҷадиди қонунгузорони Маҷлиси намояндагони Амрико ба ҳукумати ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, созмонҳоеро кӯмаки таслиҳотӣ, молӣ ва омӯзишӣ намояд, ки дар феҳрасти созмон ё гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд.  Дар тарҳи Конгресс бо сароҳат ҳимоят аз ДИИШ, “ал-Қоида” ва “Ҷабҳат-ун-нусра”, ки номи худро ба Ҷабҳаи “Фатҳ-уш-шом” тағйир дода, мамнӯъ шудааст. Ин мамнӯият муттаҳидони онҳо ва кишварҳои хориҷиро, ки аз чунин гурӯҳҳо ҳимоят мекунанд, низ шомил мешавад ва дар яке аз бандҳои он ба Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатр ишора шудааст. Сиёсатҳое, ки дар пушти пардаи ин тарҳ вуҷуд дорад, мавриди ҳимояти Доналд Трамп аст.

Бо ин ҳол, ин тарҳ сарфан ба Ҳукумати Амрико марбут намешавад, балки гуфта мешавад, ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз барномаи Созмони иттилооти марказии Амрико (ЦРУ) дар заминаи қочоқи силоҳ барои муттаҳидони Амрико ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Ҳукумати Сурия аст.

 

Барчасп