Густариши фақр дар Бомиёни Афғонистон
Бештари сокинони вилояти Бомиён, дар маркази Афғонистон ниёзманди кумакҳои фаврӣ ҳастанд.
Масъулони муассисаи “Аброр”, ки бо ҳамкории комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар бахши кумакҳои изтирорӣ, зербиноӣ ва омӯзишӣ дар вилояти Бомиён фаъолият дорад, гуфтанд: Кумакҳои дар назаргирифташуда аз сӯи созмонҳои имдодрасон дар ин вилоят кофӣ набуда ва агар дар зимистони пеширӯ кумакҳо афзоиш пайдо накунад, сокинон зимистони сахтеро дар пеш хоҳанд дошт.
Ҷовид Назарӣ, раиси муассисаи “Аброр” дар вилояти Бомиён мегӯяд: Мо аз ҳар 100 хонаводаеро ки дар вилояти Бомиён хидматрасонӣ мекунем 70 хонаводаи он зери хати фақр зиндагӣ мекунанду ниёз ба кумакҳои фаврӣ доранд.
Ба гуфтаи Назарӣ, муассисаи “Аброр” ба ҳамкории дафтари UNHCR дар зимистони пеширӯ барои беш аз 4500 хонавода қарор аст кумакҳои зимистонӣ тақсим намояд, аммо ин кумакҳо ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ набудаву ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бештар тавваҷуҳ дошта бошад.