Фақр сабаби афзоиши ибтило ба суитағзия дар кудакони Афғонистон
Масъулони маҳалли дар вилояти Бомиён маркази Афғонистон аз афзоиши камсобиқаи ибтило ба суитағзияи кудакони ин минтақа хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дуктор Шарафиддин Салимӣ, масъули бахши атфоли маркази беҳдошти Бомиён гуфт: Имсол дар муқоиса бо солҳои қабл ба далели фақр ва тангдастии хонаводаҳо, атфоле, ки ба суитағзия мубтало ҳастанд ду баробар шуда ва ҳар руз чандин кудак, ки вазъияти бад доранд дар инҷо бистари мешаванд.
Ба гуфтани дуктур Салимӣ бештарин сабаби таъсиргузор дар ибтилои атфол ба суитағзия фақр ва беиттилоъи хонаводаҳо аз ин бемори аст.
Дар ҳамин замина модари яке аз беморони бистари дар маркази дармонии атфоли Бомиён низ гуфт: Дар хона маводи ғизоӣ кофи надорем ва ба далели фақр ва тангдасти Фарзони ман ва бисёри аз наздикон дучори заъф ва бемори шуданд.
Ба гуфтаи пизишкон бештари осиб ноши аз фақр дар Афғонистон махсусан вилояти Бомиён мутаваҷҷеҳи модарони ширдеҳ ва атфол аст ва камтар каси ба фикри ин афрод аст.