Даргирии марзии Покистону Афғонистон. Эрон хостори гуфтугӯ ва омодаи миёнҷигарӣ аст
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
“Порс-Тудей”. Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ташдиди даргириҳои марзӣ миёни Покистону Афғонистон, ду тарафро ба хештандорӣ ва гуфтугӯ даъват кард ва аз омодагии Теҳрон барои тасҳили музокирот миёни Исломободу Кобул ва кумак ба ҳалли ихтилофот миёни ду кишвари ҳамсоя хабар дод.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” нисбат ба ташдиди даргириҳои марзӣ миёни Афғонистону Покистон вокуниш нишон дод ва ду тарафро ба ҳалли мусолиматомези ихтилофот фаро хонд.
Ироқчӣ бо ишора ба моҳи мубораки Рамазон ба унвони фурсате барои тақвияти ҳамбастагӣ дар ҷаҳони Ислом, таъкид кард: Дар моҳи мубораки Рамазон, моҳи хештандорӣ ва тақвияти ҳамбастагӣ дар ҷаҳони Ислом, шоиста аст Афғонистону Покистон ихтилофи мавҷудро дар чорчӯби ҳусни ҳамҷаворӣ ва аз масири гуфтугӯ мудирият ва ҳаллу фасл кунанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома бо эъломи мавзеи фаъоли дипломатии Теҳрон афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон омодаи ҳар гуна мусоидат дар тасҳили гуфтугӯ ва тақвияти тафоҳуму ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст.
Аз шаби гузашта (панҷшанбе) даргириҳои сангине дар марзҳои муштараки Покистону Афғонистон ҷараён дорад. Танишҳо пас аз амалиёти ҳавоии Покистон алайҳи манотиқе дар Афғонистон, ки ба гуфтаи Исломобод урдӯгоҳҳои гуруҳи террористии Таҳрики Толибони Покистон дар онҷо қарор доштааст, ба шиддат афзоиш ёфтааст. Мақомоти Кобул зимни маҳкум кардани ин ҳамалот, эълом кардаанд, ки дар ин амалиёт даҳҳо ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон низ аз оғози амалиёти густардаи таҳоҷумӣ алайҳи марокизу таъсисоти низомии Покистон дар имтидоди хатти Дюранд (марзи муштарак) хабар дод. Ин амалиёт дар вокуниш ба бомбаборони ҳавоии рӯзҳои ахири Покистон дар вилоятҳои Пактико, Кобул, Қандаҳор ва Пактиё сурат гирифтааст.
Манобеи хабарӣ аз даргириҳои сангин дар чандин нуқтаи марзӣ, аз ҷумла Четрол, Хайбар, Моманд, Кӯрам ва Боҷвар хабар медиҳанд. Атоуллоҳи Торар, вазири иттилоърасонии Покистон ҳам муддаии кушта шудани дастикам 133 узви неруҳои Толибони Афғонистон ва захмӣ шудани беш аз 200 нафари дигар дар амалиёти мутақобили мавсум ба «Ғазабулҳақ» шудааст. Ба гуфтаи вай, 27 пости низомии Толибон мунҳадим ва 9 пости дигар ба тасарруфи неруҳои покистонӣ даромадааст.
Дар муқобил, Вазорати дифои Афғонистон ҳам эълом кард, ки дар ин даргириҳо 55 низомии покистонӣ кушта шуда ва даҳҳо қитъа таҷҳизоти низомӣ низ ба ғанимат гирифта шудааст. Ин вазоратхона таъкид кард, ки неруҳои афғон ҳашт кушта ва 11 захмӣ додаанду амалиёти талофиҷӯёнаи онон пас аз чаҳор соат дар нимашаб ба поён расидааст.
Ҳамзамон бо ташдиди буҳрон, Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки сабри Исломобод лабрез шуда ва ин кишвар вориди ҷанги ошкор бо Толибони Афғонистон шудааст.
Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон низ таъкид кард, ки кишвараш бар сари сулҳу тамомияти арзии худ мусолиҳа нахоҳад кард ва тавоноии посухи қотеъ ба ҳар гуна таҷовузро дорад.
Ҳамчунин Русия аз ду тараф хост, ҳамалоти мутақобилро фавран мутаваққиф карда ва ихтилофоти худро аз тариқи дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд. Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки дар сурати дархости ду тараф, омодаи ироаи хадамоти миёнҷигарӣ аст.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ нигаронии амиқи худро аз танишҳо иброз ва бар лузуми риояти қавонини байналмилалӣ ва ҳимоят аз ғайринизомиён таъкид кард.
Лозим ба зикр аст, ки мақомоти Покистон ҳукумати Толибони Афғонистонро ба ҳимоят аз гуруҳи таҳрики Толибони Покистон (ТТП) муттаҳам мекунанд. Иттиҳоме ки Кобул ҳамвора онро рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз идомаи ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ҳавоии Покистон ба мавозеи Толибон дар вилоятҳои Кунар, Хуст ва Пактиё хабар медиҳанд.
Ахбори зидду нақиз аз кушта шудани Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибони Афғонистон
Дар ҳамин ҳол гузоришҳои таъйиднашуда ва ғайрирасмӣ ҳикоят аз он дорад, ки мавлавӣ Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибони Афғонистон дар ҳамалоти ҳавоии Покистон кушта шудааст.