Дархости раиси ҷумҳурии Фаронса аз Бензима дар финали Ҷоми Ҷаҳонӣ
Раиси ҷумҳурии Фаронса аз дорандаи тӯби тиллоии беҳтарин бозикуни дунё дархост кард, то дар финали Ҷоми Ҷаҳонии 2022 ҳузур дошта бошад.
Тими миллии Фаронса якшанбе дар финали Ҷоми Ҷаҳонии 2022-и Қатар ба масофи Аргентина меравад то таклифи қаҳрамони нави ҷаҳон мушаххас шавад.
Карим Бензима - яке аз ситораҳои масдуми Фаронса қабл аз Ҷоми Ҷаҳонии 2022 буд, ки ин мусобиқотро аз даст дод. Дар рӯзи гузашта ахборе дар заминаи эҳтимоли бозгашти Бензима ба таркиби “хурусҳо” дар финали Ҷоми Ҷаҳонӣ бо иҷозаи бошгоҳи “Реал Мадрид” матраҳ шуд.
Аммо Дидиа Дешон бозгашти Бензимаро бори дигар рад кард.
Нашрияи «Марко»-и Испания хабар дод, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса бо тамоси телефонӣ ба Карим Бензима, аз ӯ дархост карда то дар финали Ҷоми Ҷаҳонӣ дар варзишгоҳ ҳузур пайдо кунад.
Аммо Карим Бензима - дорандаи тӯби тиллоии беҳтарин бозикуни ҷаҳон ин дархостро рад карда, вале раиси ҷумҳурии Фаронса ҳамчунон исрор дорад, ки Бензима ва дигар бозикунони масдуми Фаронса дар варзишгоҳ барои тамошои бозии финал бошанду ҷоизаҳои худро дарёфт кунанд.