Да Силва : Бо қудрат аз ҳаққи мардуми Фаластин дифоъ хоҳем кард
Раиси ҷумҳӯри Бразилия эълом кард, ки кишвараш бо қудрат ҳамроҳу ҳомии фаластиниён хоҳад буд.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Луис Инасио Лула да Силва-раиси ҷумҳӯри Бразилия дар дидор бо Риёз Алмоликӣ-вазири умури хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин ва фиристодаи вижаи Маҳмуд Аббос-раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҳошияи маросими савгандёди раёсати ҷумҳуриаш бори дигар бар таъаҳҳуди усӯлии кишвараш барои ҳимоят аз ормони миллати Фаластин таъкид кард .
Луис да Силва афзуд : Бразилия барои пас гирифтани озодӣ ва истиқлоли Фаластин ба унвони як кишвари мустақил ва бо ҳокимият дар марзҳои 1967 талош хоҳад кард .
Раиси Ҷумҳурии Бразилия бо баёни инки Бразилия пуштибони талоши кишвари Фаластин дар тамоми маёдини байналмиллалӣ хоҳад буд, хотирнишон кард ки кишвараш ҳамчунон ба унвони ёригари Фаластин боқӣ хоҳад монд .
Луис Инасио Лула да Силва рӯзи якшанбе барои сеюмин бор ба унвони раиси ҷумҳӯри Бразилияи савганд ёд кард .
Коршиносони сиёсӣ бар ин боваранд ки вай дар ин давра низ нақши ҳимоятгаронае аз Фаластин хоҳад дошт ; мавзӯе ки ба нигаронии мақомоти саҳюнист доман задааст .
Бештар бихонед :