Савганди дабири кулли ҷадиди СММ ва чолишҳои пеши рӯи ин созмон
Антониу Гутерреш -Дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи душанбе пеш аз оғози фаъолияти расмии худ ба унвони дабири кулли ҷадиди ин созмон, дар Маҷмааи умумии ин созмон савганд ёд кард.
Гутерреш, аввали январи соли 2017, ҷонишин Пан Ги Мун-дабири кулли феълии СММ мешавад. Дабири кулли ҷадиди ин созмон дар суханоне таъкид кард, ки барои пешрафт ва тавсеаи Созмони милал, анҷоми ислоҳот ва тағйирот зарурӣ аст. Вай ҳамчунин, муҳиммтарин вазифаи худро поён додан ба буҳрони Сурия эълом кард.
Ба назар мерасад, бо рӯи кор омадани Антониу Гутерреш бояд мунтазири бархе таҳаввулот дар идора ва амалкарди ин бузургтарин ниҳоди байналмилалӣ буд, ки дар ҳоли ҳозир дорои 193 узв аст.
Ташкили СММ дар соли 1945 асосан ба манзури эҷод маҷмаа барои ироаи дидгоҳҳои кишварҳо дар заминаи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ ,тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар абъоди мухталиф ва низ ташкил ниҳоде фаротар аз давлатҳо барои расидагӣ ва ҳалу фасли буҳронҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Созмон милал фаъолият худро дар ростои аҳдофи монанд эҷод ҳамоҳанги байн кишварҳо дар замина фаъолитҳои мухталиф байналмилалӣ , стандартсозии иқдомот дар бораи масоиле, монанди ҳавонавардӣ ва дарёнавардӣ, эҷод ва густариши низоми ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавориди муштарак байни кишварҳо, монанди ҳуқуқи дарёҳо, кӯмак ба кишварҳо бавижа кишварҳои дар ҳоли тавсеа барои пешрафт дар ҳамаи ҷанбаҳо, сомондҳии фаъолитҳо монанди истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ, эҷоди ожонсҳои мухталиф барои пешбурди аҳдофи ин созмон ва аз ҳама муҳиммтар ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ оғоз кард.
Бо ин ҳол, дар ҳоли ҳозир ин созмон бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ аст ва интиқодоти зиёде дар бораи амалкарди он сурат гирифтааст. Албатта ин интиқодот фақат аз хориҷ аз ин созмон нест,балки ҳатто дастандаркорон ва мақомоти аршади ин ниҳоди байналмилалӣ низ худ ба навоқис ва камбудиҳо ва нокоромдии ин созмон дар бисёре аз заминаҳо изъон кардаанд.
Дар ин росто Пан Ги Мун -дабири кулли СММ рӯзи душанбе, дар нишасти тавдеъ ва муорифаи дабири кулли ҷадиди ин созмон изъон кард, ки бисёре аз барномаҳои ин ниҳоди байналимилалӣ бо шикаст рӯбарӯ шудааст ва ҳеҷ як аз ин шикастҳо бадтар аз идомаи буҳрони Сурия набудааст. Албатта Пан Ги Мун зоҳиран фаромуш карда, ки ба нақши дастандаркорони ин созмон бавижа худ дар тадовуми буҳрони Сурия бо таваҷҷуҳ ба мавозеъи ҷонибдоронаи вай аз ҷиноҳи ғарбии Шӯрои амният ишора намояд. Дар воқеъ Пан Ги Мун дар давраи дуввуми дабири куллии худ, ки бо шурӯъи буҳрони Сурия мусодиф шуд, ҳеҷ гуна иқдоми бетарафонае барои ҳалу фасли буҳрони Сурия сурат надод.
Дар айни ҳол, ишораи Пан Ги Мун ба нотавонии ин созмон дар ҳалу фасли буҳрони Сурия, нишонгари он аст, ки Созмони милал бо таваҷҷуҳ ба таркиби кунунии Шӯрои амният ба унвони рукни иҷроии ин созмон, барои ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, қодир ба ифои вазоифи таъриф шуда барои он дар чорчӯби Маншури милали муттаҳид нест. Ин масъала то ҳадди зиёде ба далели ин аст, ки аъзои кунунӣ Шӯрои амният, яъне Амрико, Англис, Фронса, Русия ва Чин дар мавориди мухталиф бар асоси манофеъ ва аҳдофи худ ба мавзеъгирӣ дар қиболи буҳронҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мепардозанд.
Табиатан ба далели ихтилофи манофеъи қобили таваҷҷуҳ байни ин панҷ кишвар, расидан ба тавофуқ дар қиболи бисёре аз масоил душвор ва ҳатто нашуданӣ аст. Аз сӯи дигар аз дидгоҳи бисёре аз кишварҳо сохтори кунунии Шӯрои амният асосан бо воқеиёт ва таҳаввулоти ҷадид дар арсаи сиёсат ва иқтисоди байналмилалӣ носозгор аст. Корномаи Шӯрои амният ба унвони рукни амнияти ин созмон нишон медиҳад, ки ин шӯро собиқаи хубе дар заминаи ҳалу фасли буҳронҳо ва ё ҷилавгирӣ аз иқдомоти якҷонбаи бархе кишварҳо монанди Амрико надоштааст. Бисёре аз кишварҳо, якҷонбагароии Амрикоро сирфан ба манзалаи иқдоме талаққӣ кардаанд, ки боиси мухтал шудани вазоифи Шӯрои амният ва густариши ҳарҷу марҷ дар саҳнаи байналмилалӣ шудааст.
Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки Антониу Гутерреш ба унвони дабири кулли ҷадиди СММ низ бар номувафақ будани рӯйкарди якҷонибагароӣ таъкид кардааст. Аз сӯи дигар аз нигоҳи бисёре аз кишварҳои узви Созмони милал бо таваҷҷӯҳ ба шароити пурошуби муҳити байналмилалӣ, лузуми ифои нақши Созмони милал бавижа Шӯрои амният дар чорчӯби вазоифи мушаххас шуда дар Маншури милали муттаҳид беш аз пеш зарурат пайдо кардааст. Акнун умед меравад, ки бо оғози фаъолияти Антониу Гутерреш ба унвони дабири кулли ҷадиди Созмони милал аз январи 2017 фасли навине дар амалкарди ин ниҳоди байналмилалӣ гушӯда шавад.