Таъкиди Русия ба барқарории оштии миллӣ дар Афғонистон
(last modified Tue, 17 Jan 2023 07:19:36 GMT )
Январ 17, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия ба барқарории оштии миллӣ дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар умӯри Афғонистон мегуяд дар сафари ахираш ба Кобул ҳукумати Толибонро барои ташкили давлати оштии миллӣ ташвиқ кардааст .

Ба гузориши хабаргузории ТАСС-и Русия,Замир Кобулов рӯзи душанбе пас аз бозгашт аз Кобул гуфт : Дар дидор бо Амирхони Муттақӣ-вазири хориҷаи ҳукумати Толибон бар барқарории сариъи сулҳу оштии миллӣ дар Афғонистон таъкид кардааст.
Сафорати Русия дар Кобул ҳам дар баёнияе гуфт, ки Кобулов дар Кобул бар таъаҳҳуди Маскав ба ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба нафъи барқарории сариъи сулҳ ва дастёбӣ ба оштии миллӣ таъкид кардааст . Дар ин баёния омада, ки тарафи русӣ аз ҳукумати Толибон хоста, то ба он бахшҳое аз ҷомеъаи байналмиллалӣ, ки содиқона ба барқарории сулҳ дар Афғонистон, тавсеаи як кишвари мустақил ва як порчаи орӣ аз тероризму маводи мухаддир алоқаманд ҳастанд, тавваҷуҳ кунад .
Масъулони Русия ва Толибон ҳамчунин дар бораи мушкилоти тавсеаи тиҷорат, ҳамкорӣ дар мубориза бо тероризм ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ карданд .

Бештар бихонед :