Ҷустуҷу
-
Май 31, 2025
Порстудей - Дар паи интишори гузориши гумроҳкунандаи ниҳоди иттилоотии Австрия дар бора барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон , кордори ин кишвар ба Вазорати умӯри хориҷа дар Теҳрон эҳзор(бозхост) шуд.
-
Май 31, 2025
Порстудей - Пажӯҳишгарони эронӣ муваффақ ба тарроҳӣ ва сохти наносомонаи доруии ҳадафманд барои дармони саратони сина шуданд .
-
Май 30, 2025
Порс-Тудей. Дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ин ки душмани саҳюнистӣ беш аз 600 рӯз аст, ки ҷанги наслкуширо дар борикаи Ғазза ба роҳ андохтааст, таъкид кард, ки амалиёти пуштибонии Яман аз Ғазза дар марҳалаи баъд муассиртар хоҳад буд.
-
Май 30, 2025
Порс-Тудей. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон зимни таъкид бар аҳамияти пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон пешниҳод кард, гуруҳи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ бо ҳузури андешамандони ниҳодҳои фарҳангӣ ва маҷомеи илмии ду кишвар ташкил шавад.
-
Май 29, 2025
Порс Тудей - Сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва инҳидоми ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Яманро нишонаи дигаре аз сабъяти ин режиму душмании он бо мардуми мусулмони Яман ва минтақа донист ва онро маҳкӯм кард.
-
Май 28, 2025
Ҳинд бо пешӣ гирифтан аз Ҷопон ба чаҳорумин иқтисоди бузург дар ҷаҳон табдил шуд.
-
Май 28, 2025
Порстудей - Шабакаи саҳюнистӣ сешанбешаб дар гузорише ба нақл аз мақомоти ин режим навишт : « Мақомоти Исроил аз раванди музокироти Теҳрон ва Вашингтон норозӣ ва нигарони иқдоми пешбининопазир аз сӯи Доналд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико барои расидан ба тавофуқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд . »
-
Май 28, 2025
Порстудей – Сиёсатмадор ва дипломати пешини Амрико сешанбе бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ба масири ҳастаии худ идома медиҳад , ошкоро эълом кард, ки хостаи Амрико барои мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии урани Эрон дар амал имконпазир нест.
-
Май 28, 2025
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони шомгоҳи сешанбе гуфт : Агар мавзеи Британия дар бораи ғанисозии сифр дар Эрон бошад , дар ин сӯрат дигар мавзӯе байни мо барои гуфтугу дар бораи парвандаи ҳастаӣ боқӣ намемонад .
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи аҳамияти нақши Покистон дар масъалаи Фаластин, ки дар дидори нахуствазири Покистон дар Теҳрон матраҳ шуд, бозтоби густардае дар расонаҳои навишториву электронии Покистон доштааст.
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бар азми қотеи Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо таъкид кард.
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи CNN таъкид кард, ки Эрон таҳти ҳеҷ шароите аз ғанисозии уран чашмпӯшӣ нахоҳад кард.
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Дар нишасти солонаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пешниҳоди марбут ба барафроштани парчами Фаластин бо 95 раъйи мувофиқ ба тасвиб расиду парчами Фаластин дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барафрошта шуд.
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибофро дар иҷлосияи дувуми маҷлиси дувоздаҳум, бори дигар ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ интихоб карданд.
-
Май 27, 2025
Порс-Тудей. Дар пайи раъйгирии рӯзи душанбе (панҷуми хурдодмоҳ), ҳайати фаластинӣ муваффақ шуд ҳаққи барафроштани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳониро ба даст оварад.
-
Май 27, 2025
Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистону ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар маҷмуаи дунёии ислом бар лузӯми фаъолиятҳои муштараку таъсиргузори Эрону Покистон барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид карданд.
-
Май 26, 2025
Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Эрон барои анҷоми тарҳи роҳи оҳани Шаламчех-Басра ба Ироқ сафар кард.
-
Май 26, 2025
Порс тудей- Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: "Амрикоиҳо бо ҳамдардии дохилӣ наметавонанд аз вазъияти мо истифода ва тамаъ кунанд."
-
Май 26, 2025
Порстудей - Як коршиноси сиёсӣ гуфт, ки пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар интихоботи шаҳрдориҳо ва шӯрои шаҳри ҷануби ин кишвар нишон дод, ки маҳбубияти ин ҳизб бо вуҷуди таблиғоти манфии душманон ҳамчунон бисёр зиёд аст .
-
Май 25, 2025
Порс Тудей - Фармондеҳи ҳавонирузи артиши Эрон гуфт: Дар рӯзҳои оянда, рӯнамоии бисёр арзишманде аз дастовардҳои ҳавонирузро хоҳем дошт.