Ироқчӣ: Барномаи ҳастаии Эрон, воридотӣ нест ки бо бомбаборон аз байн биравад
(last modified Mon, 23 Jun 2025 03:27:59 GMT )
Июн 23, 2025 08:27 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Барномаи ҳастаии Эрон, воридотӣ нест ки бо бомбаборон аз байн биравад

Порс-Тудей.  Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки барномаи сулҳомез ҳастаӣ , натиҷаи донишу фанноварии бумии донишмандони Эронӣ аст, гуфт : Барномаи ҳастаии Эрон , воридотӣ нест ки бо бомбаборон аз байн биравад .

« Сайид Аббоси Ироқчӣ», вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон асри якшанбе дар Истанбул дар ҷамъи хабарнигорон дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт : Илмро наметавон бо бомбаборон нобуд кард ё ба ақаб бозгарданд . Сохтимонҳоу таҷҳизот мумкин аст тахриб шаванд , аммо ҳамагӣ қобил бозсозӣ ҳастанд .

Ба гузориши Порс-Тудей, « Ироқчӣ » изҳор дошт : Иёлоти Муттаҳида ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кард . Ин иқдом , таҷовузи ошкор ва нақзи сариҳи тамоми муқаррароти байналмилалӣ буд . Ин таҷовуз на танҳо ба Ҷумҳурии исломии Эрон ва таъсисоти ҳастаии мо , балки ба тамоми қавонини байналмилалӣ  ва низоми  адами ишоаи силоҳиҳои атомӣ (NPT) зарба зад ва дар ҳақиқат, талоше барои тазъифи ин усул буд . Ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ , бузургтарин ҷурми байналмилалӣ ва амали нобахшуданӣ талаққӣ мешавад . Ин иқдом нишондиҳандаи бе таъаҳҳудии комили Иёлоти Муттаҳида ба қавонини байналмилалӣ аст .

Ироқчӣ идома дод : Mо дар миёнаи музокирот бо Амрико будем ки ин кишвар , режими саҳюнистиро ба ҳамла ба Эрон водошт . Мо ба дипломатияи худ бо тарафҳои аврупоӣ идома додем, аммо ин бор амрикоиҳо мустақим ворид амал шуданд . Ин рафтори ғайри мантиқии Амрико танҳо як далел метавонад дошта бошад ; режими саҳюнистӣ дар талош барои дастёбӣ ба аҳдофи худ дар Эрон ноком монда ва ба далели хисороти сангине, ки аз неруҳои мусаллаҳи мо мутаҳаммил шуда , дар буҳронии амиқи қарор гирифта ва ба Амрико мутавассил шудааст . Ин ки Кохи Сафед то чӣ ҳадде таҳти нуфузи Исроил ва шахси Натанёҳу қарор дорад , дар ҳақиқат таъассуф бораст .

Вазири хориҷаи Эрон афзуд : Mо ба дифоъ аз худ идома хоҳем дод , зеро дар мавзеи бар ҳаққе қарор дорем ва аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунем . Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ иқдоме бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ анҷом надода ва қотеъона аз ҳуқуқи худ посдорӣ хоҳад кард . Мо душманонро дар расидан ба аҳдофашон ноком хоҳем гузошт .

Ироқчӣ дар поён гуфт : Ин ки дипломатия дар шароити кунунӣ то чӣ ҳадде метавонад муассир бошад , қизоват дар бораи он ҳануз зуд аст. Мавзеи мо ин буда, ки то замони таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ , музокирае бо Амрико нахоҳем дошт . Ин мавзе ҳамчунон побарҷост . Бо тавваҷуҳ ба шароити ҷадид , табиатан бояд тасмимоти ҷадидӣ низ гирифта шавад .