Ҷустуҷу
-
Jun 30, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон дар номае ба дабири кул ва раиси Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз ин шӯро расман дархост кард, ки режими Исроил ва Амрикоро ба унвони оғозгарони амали таҷовузкорона шинохтаву масъулияти мутаоқиби онҳо, аз ҷумла пардохти ғаромату ҷуброни хисоротро ба расмият бишносад.
-
Jun 30, 2025
Баъд аз нокомии Амрико ва режими саҳюнистӣ дар баробари иқтидори дифоии Эрон ва ваҳдату дилбастагии беназири мардуми Эрон, давлати Амрико фазои амниятиро бар зидди эрониёни муқими Амрико ташдид кардааст.
-
Jun 30, 2025
Порс-Тудей. Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти сахефу рафтори хилофи назокати раиси Ҷумҳурии Амрико дар хусуси Раҳбари инқилоби исломӣ ва миллати Эронро ба шиддат маҳкум кард .
-
Jun 29, 2025
Порс-Тудей. Режими саҳюнистӣ пас аз 12 рӯз ҷанг бо Эрон, бо зиёне болиғ бар 12 миллиарддолларӣ мувоҷеҳ шудааст, ки ин ҳазинаҳо шомили хисороти низомӣ, ғароматҳои пардохтӣ ва таътилии касбу корҳо аст.
-
Jun 29, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме дар шабакаи “Х” навишт: Миллат то охирин қатраи хун, дар баробари ҳар касе ки бихоҳад барои сарнавишти мо тасмим бигирад, истодагӣ хоҳад кард.
-
Jun 29, 2025
Порс-Тудей. Теҳрон рӯзи шанбе шоҳиди маросиме бошукуҳ ва таърихӣ буд, ки дар он беш аз 60 шаҳиди Mуқовимат, аз фармондеҳони низомӣ то шуҳадои зану кӯдак, бо ҳузури пуршӯри мардум ташйиъ шуданд.
-
Jun 28, 2025
Порс-Тудей. Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо маҳкум кардани шадиди изҳороти бешармонаи мақомоти Амрико ва режими саҳюнистӣ зидди Раҳбари инқилоби исломӣ, аз дабири кулли Созмони Милал ва Шӯрои амният хост, ин таҳдидот ба террорро ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум кунанд ва чунин изҳоротеро ғайриқонунӣ, ғайримасъулона ва террористӣ баршуморанд.
-
Jun 28, 2025
Порс-Тудей. Шуморе аз қонунгзорони аврупоӣ ҳамдастии қудратҳои аврупоӣ бо режими саҳюнистӣ дар ҷиноёти Ғаззаро маҳкум кардаву хостори таваққуфи ирсоли силоҳ ба ин режим шуданд.
-
Jun 27, 2025
Порс-Тудей. Як сенатори амрикоӣ таъкид кард, ки иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар хусуси нобудии барномаи ҳастаии Эрон воқеият надорад.
-
Jun 27, 2025
Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҳимояти садри аъзами Олмон аз режими наслкуш ба ин маъност, ки вай на танҳо аз виҷдони таърих фосила гирифтааст, балки ба виҷдони ҷамъии миллати Олмон беэҳтиромӣ кардааст.
-
Jun 27, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, то кунун ҳеҷ қавлу қароре барои музокира бо Амрико гузошта нашудааст.
-
Jun 26, 2025
Порс-Тудей. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар сеюмин паёми тасвирӣ пас аз таҳоҷуми режими саҳюнӣ ба кишвар унвон карданд: Ба миллати Эрон табрик арз мекунам. Режими саҳюнӣ дар зери заработи Ҷумҳурии исломӣ тақрибан аз по даромад ва леҳ шуд.
-
Jun 26, 2025
Порс-Тудей. Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Созмони байналмилалии дарёнавардӣ бо намоиши тасвири яке аз коркунони Созмони банодиру дарёнавардии Эрон, ки дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, хостори сабти ҷаҳонии ин ҷинояти ваҳшиёна шуд.
-
Jun 26, 2025
Порс-Тудей. Ба эътиқоди як таҳлилгари саҳюнист, бо вуҷуди ҳаёҳӯ ва ҷору ҷанҷоле, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дар робита бо пирӯзӣ дар ҷанг бо Эрон ба роҳ андохтааст, аммо ин масъала ба шиддат зери суол аст, чун ҳеҷ як аз аҳдофи эъломшудаи Натанёҳу муҳаққақ нашудааст.
-
Jun 26, 2025
Порс-Тудей. Сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико дар изҳороте хостори таваққуфи ҳимоятҳои беқайду шарти Амрико аз режими саҳюнистӣ шуд.
-
Jun 26, 2025
Порс-Тудей. Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал тафсири худсаронаи сафири Амрико аз моддаи 51 маншури Созмони Милал дар тавҷеҳи ҳамалот ба таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эронро маҳкум кард.
-
Jun 25, 2025
Порс-Тудей. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард, Созмони энержии атомии Эрон то тазмини амнияти таъсисоти ҳастаӣ ҳамкории худ бо ожонсро таълиқ мекунад ва Барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон бо суръати бештаре ба пеш хоҳад рафт.
-
Jun 25, 2025
Порс-Тудей. Кишварҳои узви БРИКС бо ибрози нигаронӣ нисбат ба ҳамалоти Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Эрон эълом карданд, ки ин иқдомоти низомӣ мисдоқи нақзи қавонини байналмилалӣ ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аст.
-
Jun 25, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Русия бо интиқод аз нақши мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар занҷираи ҳамалоти Амрикову Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт: Тазмине дар бораи дарз накардани дубораи иттилооти марбут ба фаъолияти ҳастаии Эрон дар сурати ироаи иттилооти марбут ба маҳалли нигаҳдории урани ғанишуда вуҷуд надорад.
-
Jun 25, 2025
Порс-Тудей. Cухангӯи ҷунбиши Ансоуллоҳи Яман дар суханоне таъкид кард, ки ҳамалоти мушакии рӯзонаи Эрон ба режими саҳюнистӣ , сафҳае аз иззату ифтихорро дар таърихи худ сабт кардааст .