Pars Today
Бахши хусӯсии Тоҷикистон кори ҷойгузин кардани гази табиӣ ба гази моеъ дар ҷойгоҳҳои сӯхтгириро оғоз кардааст, ки имкони истифода аз ин навъи сӯхт дар оғози соли 2022 фароҳам хоҳад шуд.
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ба далели гарон шудани қимати сӯхт дар ин кишвар, ваъда додаанд, ки акнун талошҳо барои ҷойгузин кардани гази мойеъ ба гази табиӣ оғоз шудааст.
Тайи рӯзҳои ахир қимати як литр гази мойеъ дар Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расид ва дар бархе аз манотиқи ин кишвар камёб шуд.
Бозсозии таҷҳизотӣ ва таваққуфи муваққати фаъолияти яке аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази Қазоқистон нигарониҳоро аз афзоиши қимати гази моеъ дар Тоҷикистон афзоиш додааст.
Мақомҳои тоҷик мегӯянд, мамнуъ шудани содироти гази мойеъ тавассути танкерҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт.