Эҳтимоли афзоиши қиммати гази моеъ дар Тоҷикистон
Бозсозии таҷҳизотӣ ва таваққуфи муваққати фаъолияти яке аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази Қазоқистон нигарониҳоро аз афзоиши қимати гази моеъ дар Тоҷикистон афзоиш додааст.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин полоишгоҳ дар шаҳри Атирауии Қазоқистон аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази ин кишвар ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба далели бозсозии таҷҳизотӣ ба таври муваққат қатъ шудааст.
Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеъи мавриди ниёзи худро аз тариқи хутути рейлӣ аз Қазоқистон ворид мекунад.
Тоҷикистон дар соли 2020 аз хориҷ 420 ҳазор тон гази моеъ ворид кард, ки 90 дарсади он аз Қазоқистон таъмин шуд.
Наздик ба 65 дарсади васоили нақлияи Тоҷикистон бо гази моеъ фаъолият мекунанд ва хонаводаҳо низ барои пухти ғизо аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.
Ҳамакнун қиммати як литр гази моеъ дар марокизи сӯхтгирии шаҳри Душанбе 4 то 4.5 сомонӣ аст, ки аз аввали имсол 12 дарсад гарон шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД: