Буҳрони сӯхт дар Аврупо. Словения маҳдудиятбандиро оғоз кардааст
-
Буҳрони сӯхт дар Аврупо. Словения маҳдудиятбандиро оғоз кардааст
“Порс-Тудей. Словения ба унвони нахустин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, маҳдудиятбандии сӯхтро барои муқобила бо пасларзаҳои ҷанги ғайриқонунии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон оғоз кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, афзоиши шадиди қимати сӯхт дар Словения мунҷар ба эҷоди падидаи “гардишгарии сӯхт” шудааст. Ба ин маънӣ, ки шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя монанди Австрия сафар мекунанд то аз қиматҳои пойинтари бензину газоил истифода кунанд. Бар асоси тадобири ҷадиде дар Словения, ронандагони хусусӣ метавонанд ҳаддиаксар 50 литр сӯхт дар рӯз харидорӣ кунанд.
Ба дунболи таҳоҷуми низомии Амрико ва Исроил зидди Эрон, убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз - ин оброҳи муҳими байналмилалӣ бо ихтилол мувоҷеҳ шуда, ки муҷиби афзоиши қимати нафту бензин дар ҷаҳон шудааст. Афзоиши баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва нигаронӣ аз ихтилол дар масирҳои аслии интиқоли энержӣ, ба вижа дар минтақаи халиҷи Форс боис шуда, кишварҳои ғарбӣ ба иқдомоти изтирорӣ барои маҳори қиматҳо рӯй оваранд. Дар ин замина Ожонси байналмилалии энержӣ пештар эълом кард, ки кишварҳои узви ин ниҳод дар иқдоме ҳамоҳанг ҳудуди 400 миллион бушка нафт аз захоири изтирории худро вориди бозор хоҳанд кард, ки бузургтарин озодсозии захоир дар таърихи ин созмон маҳсуб мешавад. Рушди баҳои сӯхт маъмулан ба афзоиши ҳазинаи ҳамлунақл, боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва афзоиши қубузи энержии хонаворҳо мунҷар мешавад.