Вокуниши Чин ба иқдоми Англия дар таҳрими ширкатҳои чинӣ
Октябр 17, 2025 09:45 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Чин иқдоми Англия дар таҳрими ширкатҳои чинӣ ба баҳонаи ҳамкорӣ бо бахши энержии Русияро иқдоме ғайриқонунӣ донист.
Лин Ҷиён, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар вокуниш ба иқдоми рӯзи чаҳоршанбеи Англия, мабнӣ бар қарор додани номи чанд ширкати чинӣ дар феҳристи ниҳодҳои таҳти таҳрим, ба баҳонаи ҳимояти онҳо аз бахши энержии Русия гуфт: Чин аз иқдоми Англия шадидан норозӣ аст ва эътирози ҷиддии худро ба ин масъала эълом кардааст.
Лин Ҷиён таъкид кард, Чин ҳамвора бо таҳримҳои якҷонибаи бидуни пояи ҳуқуқи байналмилал ва бидуни муҷаввизи Шӯрои Амнияти Созмони Милал мухолиф буда ва бо он муқобила хоҳад кард. /Хабаргузории садо ва симо
Барчасп