Сафари вазири дифои Арабистони Саъудӣ ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i119628-Сафари_вазири_дифои_Арабистони_Саъудӣ_ба_Эрон
Порс тудей - вазири дифои Арабистони саъудӣ дар раси як ҳайати баландпояи низомӣ имрӯз ( панҷшанбе ) ба манзури тавсеаи муносиботи дифоӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ , ба Эрон сафар мекунад.
(last modified 2025-04-17T09:15:32+00:00 )
Апрел 17, 2025 14:10 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифои Арабистони Саъудӣ ба Эрон
    Сафари вазири дифои Арабистони Саъудӣ ба Эрон

Порс тудей - вазири дифои Арабистони саъудӣ дар раси як ҳайати баландпояи низомӣ имрӯз ( панҷшанбе ) ба манзури тавсеаи муносиботи дифоӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ , ба Эрон сафар мекунад.

 Халид бен Салмон Оли Сауд , вазири дифои Арабистони Саъудӣ ки ба даъвати сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ , раиси Ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар мекунад , дар ин сафар илова бар раиси ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳ бо мақомоти аршади сиёсӣ ва амниятии Эрон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард . Тавсеаи муносиботи дифоӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ барои тақвияти сулҳу субот дар минтақа ва ҳамчунини мубориза бо тероризм аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугӯи ду мақоми аршади дифоии Эрон ва Арабистон аст .