Як корвон аз низомиёни саҳюнист вориди хоки Сурия шуд
Апрел 21, 2025 11:08 Asia/Dushanbe
-
Як корвон аз низомиёни саҳюнист вориди хоки Сурия шуд
Порс тудей- Корвони низомиёни саҳюнист вориди устони Қанитара дар муҷовирати Ҷувлони ишғолии Сурия шуд.
Як корвони низомиёни саҳюнист якшанбешаб вориди минтақаи Тел-Аҳмари ғарби дар устони Қанитара шуд ин минтақа дар муҷовирати Ҷувлони ишғолии Сурия қарор дорад. Таймзови Исроил низ аз ҳузури фармондеҳони аршади режими саҳюнистӣ дар хоки Сурия ва гуфтугу бо низомиёни ин режим хабар дод.