Рекордшикании бесобиқаи саҳюнистҳо дар куштори хабарнигорон дар Ғазза
Апрел 21, 2025 12:45 Asia/Dushanbe
-
Рекордшикании бесобиқаи саҳюнистҳо дар куштори хабарнигорон дар Ғазза
Порс тудей- Ишғолгарони саҳюнист дар талош барои хомуш кардани садоҳои баёнкунандаи ҳақоиқи ҷорӣ дар борикаи Ғазза дар беш аз якуним соли ҷанг рекорди ҷадиди дар куштори хабарнигорон ба сабт расонданд.
Оморҳои мунташиршуда ҳоки аз он аст, ки теъдоди хабарнигорони шаҳиди Ғазза аз маҷмуъи хабарнигороне, ки дар ҷанги ҷаҳонии аввал ва дувум ва ҳамчунин ҷанги Русия, Украина ва Ветнам кушта шуданд фаротар рафта аст. Бар асоси охирин омор аз 7 октябри соли 2023 то кунун 211 хабарнигор дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расиданд.