Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико пойтахти Яманро ҳадаф қарор доданд
Апрел 22, 2025 09:43 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико бори дигар Санъо - пойтахти Яманро ҳадаф қарор доданд.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико бомдоди сешанбе минтақае дар устони Санъоро ҳадаф қарор доданд. Манотиқи мухталифи устони Маъриб ва чандин устони дигари Яман низ ҳадафи ҳамалот қарор гирифт.
Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, ҷангандаҳои амрикоӣ минтақае дар ғарби устони Маъриб ва минтақае дар ҳумаи ҷанубии ин устонро ҳадаф қарор доданд. /Ирна
Барчасп