Ройзании Эрону Покистон барои тасҳили ҳамлу нақл дар марзҳои муштарак
-
Ройзании Эрону Покистон барои тасҳили ҳамлу нақл дар марзҳои муштарак
Порс тудей - Сарпарасти сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кувайт бо ёдоварии тасҳилоти ироа шуда ба камиюнҳои покистонӣ барои сафари осон ба ҳар нуқтаи Эрон , бар лузӯми иҳтимоми ҷиддии давлати Покистон барои равонасозӣ ҳамлу нақли тиҷорӣ дар марзҳои муштараки ду кишвар таъкид кард.
Алиризои Раҷоӣ ки аз ҳафтаи гузашта маъмурияти дипломотики худро ба унвони сарпарасти ҷадиди сарконсулгарии Эрон дар шаҳри Кувайта маркази иёлати Балучистони Покистон оғоз карда , дар идомаи дидорҳои расмӣ бо масъӯлони давлатӣ ва бахши хусӯсии ин иёлат бо раиси иттиҳодияи ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалии Покистон гуфугӯ кард . Сарпарасти намояндагии Эрон гуфт : Сарнавишти кишварҳои Эрон , Покистону Афғонистон ба якдигар гиреҳ хӯрда , лизо бо тақвияту ҳимоят аз бахшиҳои хусусӣ метавонем ба рафъи бисёре аз чолишҳо ва таърифи манофеъи муштарак миёни ҳамсоягон кумак кунем.