Вуқуи даргириҳои мусаллаҳонаи густарда дар атрофи Димишқ
Апрел 29, 2025 11:06 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Гузоришҳои расонаӣ рӯзи сешанбе аз вуқуи даргириҳои мусаллаҳона дар ҳумаи Димишқ, пойтахти Сурия ҳикоят доранд.
Манобеи маҳаллӣ дар Сурия эълом карданд, ки дар пайи вуқуи таниш дар шаҳри Сувайдо, аносири терруристи вобаста ба режими Ҷулонӣ масирҳои мунтаҳӣ ба ин шаҳрро масдуд карданд. Ҳамчунин даргириҳои шадиде дар шаҳри Ҷарамоно, воқеъ дар ҳумаи Димишқ ба далели интишори як файли савтии тавҳиномез алайҳи паёмбари акрам (с) рух додааст, ки боиси кушта шудани як ҷавону захмӣ шудани ду тани дигар шудааст. Манобеи сурӣ гуфтанд, гуруҳҳои мусаллаҳ баъд аз даргириҳо вориди шаҳри Ҷарамоно шуданд. /Хабаргузории садо ва симо
Барчасп