Харрозӣ : Эрон муқтадираст ва касе наметавонад ба кишвари мо таҷовуз кунад
-
Харрозӣ : Эрон муқтадираст ва касе наметавонад ба кишвари мо таҷовуз кунад
Порс тудей - Раиси шӯрои роҳбурдии хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар иқтидори Эрони имрӯз , гуфт : Имрӯза кишвари мо як кишвари муқтадираст ва касе наметавонад ба он таҷовуз кунад , агар Эрон ба кишварҳои бегонаи вобаста буд , табиатан наметавонист ин гӯна мустақил амал кунад .
« Сайид Камоли Харрозӣ » рӯзи панҷшанбе дар суханоне дар ҳамоиши бузургдошти рӯзи миллии Халиҷи Форс , бо баёни инки иқтидор ҳосил шуд ва дигарон ин иқтидорро изъон мекунанд , афзӯд : Ҷумҳурии Исломии Эрон аз назари низомӣ тавониста дифо кунад ва дар баробар бегонагон биистад . Раиси шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон дар идома ёдовар шуд ки агар имрӯз Исроил бо кумаки Амрико инчунин дар Ғазза рафтор мекунад ва мехоҳад ба таври комил дар султаи худаш бошад , нишонаи сиёсати қадимии саҳюнистҳо барои густариши ин режим аз Нил то Фурот аст .