Амрико: Музокирот бо Эрон мусбат аст, дар ҳоли пешрафт ҳастем
(last modified Tue, 06 May 2025 05:04:34 GMT )
Май 06, 2025 10:04 Asia/Dushanbe
  • Амрико: Музокирот бо Эрон мусбат аст, дар ҳоли пешрафт ҳастем

Порс-Тудей. Фиристодаи вижаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар умури Ғарби Осиё ва музокиракунандаи аршади ҳастаии Вашингтон бо Теҳрон, душанбешаб ба вақт маҳаллӣ гуфт: Раванди музокироти ҳастаӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон мусбат аст ва дар ҳоли пешрафт ҳастем.

Стив Виткофф дар гуфтугӯ бо “Axios” афзуд: Умедворам раванди музокирот бо Эрон дар масири дурусте пеш биравад, зеро раисиҷумҳури Амрико мехоҳад ин масъала ба сурати дипломатӣ ҳал шавад.

Музокиракунандаи аршади ҳастаии Вашингтон бо Теҳрон бо баёни инки Амрико дар талош аст даври чаҳоруми гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эронро барои охири ин ҳафтаи барномарезӣ кунад, ёдовар шуд, ки дар айни ҳол агар ин гуфтугӯ баргузор нашавад, танҳо далелаш сафари Трамп ба Ғарби Осиё хоҳад буд. /Хабаргузории садо ва симо