Интишори тақризи Раҳбари инқилоби исломӣ бар китоби «Руҳуллоҳ»
Май 06, 2025 10:20 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Тақризи Раҳбари инқилоби исломӣ бар китоби «Руҳуллоҳ» дар чаҳорумин посдошти ҳунару адабиёти инқилоби исломӣ мунташир мешавад.
Бо гузашти беш аз чаҳор даҳа аз пирӯзии инқилоби исломӣ, бозхонии сираву шахсияти ҳазрати имом Хумайнӣ раҳималлоҳ, ҳамчунон яке аз заруратҳои фарҳангиву иҷтимоии Эрон аст.
Аз ҳамин рӯ, ойини посдошти ҳунару адабиёти инқилоби исломӣ дар чаҳорумин давраи худ «Руҳуллоҳ» ном гирифта ва дар ин маросим тақризи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар китоби «Руҳуллоҳ» мунташир хоҳад шуд.
Китоби «Руҳуллоҳ», ки ривояти мустанаде аз даврони пурфарозу нишеби як раҳбари илоҳӣ ва сиёсӣ аст, дар 412 сафҳа тавассути интишороти “Шаҳристони адаб” дар соли 1401 мунташир шудааст. /Ирна
Барчасп