Мавҷи бузурги худкушии низомиёни саҳюнист
(last modified Sun, 11 May 2025 07:17:59 GMT )
Май 11, 2025 12:17 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи бузурги худкушии низомиёни саҳюнист

Порс Тудей - Рӯзномаи “Раъй ал Явм” якшанбе гузориш дод, ки маҳофили расонаии режими саҳюнистӣ нисбат ба афзоиши теъдоди худкушиҳо дар миёни низомиёни саҳюнист ҳушдор додаанд.

Бар асоси ин гузориш, маҳофили саҳюнистӣ таъкид кардаанд, ки мавҷи бузурге аз худкушиҳо дар миёни ин низомиён дар роҳ аст ва бисёре аз онҳо ба масобаи бомбҳои соатӣ амал мекунанд, ки мушаххас нест, чӣ замоне мунфаҷир хоҳанд шуд. Дар ин гузориш омада: Yossi Levi-Belz, раиси пажӯҳишкадаи худкушӣ дар академияи Рубин изъон кард, ки мавҷи бузурге аз худкушиҳо дар роҳ аст ва низомиёни саҳюнист ба дунболи ширкат дар ҷанги Ғазза бо танишҳои баъд аз ҳодиса дасту панҷа нарм мекунанд. / Меҳр