Трамп вориди Арабистон Саудӣ шуд
(last modified Tue, 13 May 2025 07:39:51 GMT )
Май 13, 2025 12:39 Asia/Dushanbe
  • Трамп вориди Арабистон Саудӣ шуд

Порс-Тудей. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар аввалин сафари расмии худ вориди Риёз шуд ва ҳадаф аз ин сафарро тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии халиҷи Форс эълом кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико субҳи имрӯз – сешанбе, вориди Арабистон шуд. Ин сафар, ки се рӯз идома дорад, шомили дидор аз Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст. Вашингтон ҳадафи ин сафарро густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо кишварҳои халиҷи Форс унвон кардааст. /Ирна