Сардор Саломӣ: Барои ҳар сенарияе омодаем ва душман залил хоҳад шуд
Май 14, 2025 10:55 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Сардор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард, ки Эрон барои ҳар сенарияе омода аст ва бо ҳидояти Раҳбари инқилоб душманон ба таври қатъӣ шикаст хоҳанд хӯрд.
Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ таъкид кард, қудрати Эрон нисбат ба соли гузашта даҳҳо баробар афзоиш ёфтаву душманон аз назарияи ҳамла ба Эрон ақибнишинӣ кардаанд.
Вай бо таъкид бар истодагӣ бар усулу ҳифзи иззати миллат афзуд, ки Сипоҳи посдорони инқилоб таҳаррукоти душманро расад мекунад ва ҳар кас қасди даргирӣ бо Эронро дошта бошад, нобуд хоҳад шуд. /Ирна
Барчасп