Имом Хоманаӣ : Инқилоби исломии Эрон дунёи Ғарбро ғофилгир кард
Порстудей - Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд : Инқилоби исломӣ , дунёи Ғарбро ғофилгир кард , гумон намекарданд, ки як рӯҳонӣ танҳо бидуни таҷҳизоту манобеъи молӣ битавонад як миллатро вориди майдон кунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари Инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросими сию шашумин солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бо ҳузури масъулон , коргузорони низом ва шахсиятҳои лашкарӣ ва кишварӣ ва ҷамъи бо шукуҳе аз мардуми азодор дар ҳарами Имоми роҳил баргузор шуд , таъкид карданд : Раҳбари инқилоби мо марди бузурге аст, ки баъд аз сиву чанд сол аз риҳлати ишон ҳузураш дар ҷаҳон ҳануз малмӯс аст ва таъсири инқилоби ишонро инсон дар ҷаҳон ба вузӯҳ мушоҳида мекунад, таназзули шадиди ҷойгоҳи Амрико дар дунё мутаассир аз ҳузури ӯст ва нафрат аз саҳюнист мутаассир аз инқилоби ӯст .
Имом Хоманай афзуданд , Ҷумҳурии исломӣ дар муқобили ҳамаи тавтеъаҳо , тарроҳиҳо ва душманиҳо тоқат оварад ва истиқлоли миллӣ, яъне кишвар мунтазири чароғи сабз ё қирмизи Амрикову амсоли Амрико набошад .