Расонаи саҳюнистӣ: Равобити вижаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар хатар аст
Май 14, 2025 11:05 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Як таҳлилгари саҳюнист дар расонаи исроилӣ ҳушдор дод, ки равобити вижаи Иёлоти Муттаҳида ва режими саҳюнистӣ мумкин аст дар остонаи фурӯпошӣ қарор дошта бошад.
Абраҳам бен Тасафи, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Ҳайфа ва мутахассис дар равобити Исроил ва Амрико дар рӯзномаи “Исроил ҳюм” (Исроили имрӯз) навишт: Шаш даҳа мушорикати амиқ, стратегӣ ва дипломатии Амрикову Исроил, ки бар пояи арзишҳои муштарак шакл гирифтаву унвони «равобити вижа»-ро ба худ гирифта буд, акнун ба марҳалае ҳассос расида, ки метавонад ояндаи ин иттиҳодро ба хатар андозад. Зеро ду тараф ба суръат ба сӯи як рӯёрӯии мустақим дар хусуси масоили ҳассоси минтақаӣ ва ҷаҳонӣ пеш мераванд. /Ирна
Барчасп