Оғози музокироти Эрону Аврупо дар Истонбул
Май 16, 2025 17:57 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Гуфтугӯҳои дипломатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон бо тройкаи аврупоӣ (Олмон, Англия ва Фаронса) асри имрӯз (ҷумъа) дар сарконсулгарии Эрон дар Истонбули Туркия оғоз шудааст.
Пеш аз ин “Ройтерс” гузориш дода буд, гуфтугӯҳо миёни дипломатҳои аршади Эрону Аврупо дар ҳоле қарор аст баргузор шавад, ки ҳар ду тараф дар талош ҳастанд то пеш аз даври панҷуми музокироти мавриди интизори байни Эрону Амрико дар рӯзҳои оянда, мавзеи худро тасбит кунанд.
Музокироти қаблӣ, ки қарор буд дувуми май (12 урдибиҳишт) дар Рум, пойтахти Италия байни Эрону Аврупо баргузор шавад, баъд аз таъвиқи музокироти Теҳрон – Вашингтон ва адами ҳузури ҳайатҳо дар Рум, ба таъхир афтод. /Хабаргузории садо ва симо
Барчасп