Ташдиди танишҳо дар Сурия; Даргириҳои шадид миёни гуруҳҳои террористӣ
Май 18, 2025 09:15 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Расонаҳои хабарӣ аз даргирии неруҳои амниятии режими Ал Ҷулонӣ ва гуруҳи террористии ДИИШ дар маркази Сурия хабар доданд.
Неруҳои амниятии ҳукӯмати Ал Ҷулонӣ ва гурӯҳаки террористии ДИИШ дар биёбони Тадмур дар ҳумаи шарқии Ҳумс, маркази Сурия бо якдигар даргир шуданд. Сухангӯии вазорати кишвари режими Ал Ҷулонӣ дар гуфтугу бо шабакаи “Алҷазира” муддаии шиносоӣ ва муқобила бо чандин ҳастаи вобаста ба гуруҳи террористии ДИИШ дар устони Ҳалаб шуд. Ин мақоми сурӣ гуфт: ин ҳастаҳо дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамалоте алайҳи неруҳои амниятии Сурия буданд. /Меҳр