Русия: Маскав густариши таҷовузи заминии Исроил алайҳи Ғаззаро маҳкум мекунад
(last modified Wed, 21 May 2025 07:16:01 GMT )
Май 21, 2025 12:16 Asia/Dushanbe
  • Русия: Маскав густариши таҷовузи заминии Исроил алайҳи Ғаззаро маҳкум мекунад

Порс Тудей - Русия дар вокуниш ба густариши доманаи таҷовузоти заминии режими саҳюнистӣ алайҳи Борикаи Ғазза вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард.

Мария Захарова, сухангуи вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки Маскав нисбат ба тасмими Тел Авив мабнӣ бар густариши доманаи таҷовузоти заминии худ алайҳи Ғазза, ибрози ноумедӣ карда ва эълом мекунад, ки Исроил бояд ҷанги худ алайҳи ин борикаро мутаваққиф ва раванди ироаи кумакҳои башардӯстона ба сокинони Ғаззаро тазмин кунад. Вай тасреҳ кард, иттихози чунин тасмимоте, аз ҷумла густариши доманаи ҷанг боиси қурбонӣ шудани афроди бештар ва барҷо мондани вайрониҳои шадидтар хоҳад шуд. / Меҳр