Бақоӣ : Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҷумъа хоҳад буд 
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120282-Бақоӣ_Даври_панҷуми_музокироти_Эрон_ва_Амрико_ҷумъа_хоҳад_буд
 Порс тудей - Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз баргузории даври панҷуми музокироти ғайримустақими Эрон - Амрико дар рӯзи ҷумъа хабар дод . 
(last modified 2025-05-22T10:06:14+00:00 )
Май 22, 2025 14:38 Asia/Dushanbe
  • Бақоӣ : Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҷумъа хоҳад буд 
    Бақоӣ : Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҷумъа хоҳад буд 

 Порс тудей - Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз баргузории даври панҷуми музокироти ғайримустақими Эрон - Амрико дар рӯзи ҷумъа хабар дод . 

Бақоӣ бо ишора ба пешниҳоди матраҳ шуда аз сӯи Уммон ва ройзаниҳои ин кишвар барои баргузории даври дигарӣ аз музокироти Эрон - Амрико дар рӯзи ҷумъа дар шаҳри Рими пойтахти Италия , аз мувофиқати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин пешниҳод хабар дод . Бақоӣ тасреҳ кард ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии ҳуқуқу манофеи олияи миллати Эрон барои баҳрамандӣ аз энержии ҳастаии сулҳомез , ба шумӯли ғанисозӣ ва рафъи таҳримҳои золимона , мусаммам ва собит қадам бӯда ва аз ҳеҷ кӯшишу ибтикоре дар ин замина фурӯгузор намекунад . /Хабаргузории Садо ва Симо