Нахуствазири Покистон: Мутааҳҳид ба таҳкими ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Эрон ҳастем
(last modified Tue, 27 May 2025 05:12:57 GMT )
Май 27, 2025 10:12 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон: Мутааҳҳид ба таҳкими ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Эрон ҳастем

Порс-Тудей. Нахуствазири Покистон пас аз дидорҳои рӯзи душанбеи худ бо Раҳбари инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳури исломии Эрон, дар паёме навишт: Мо ба ҷойгоҳи муҳими Эрон дар миёни уммати исломӣ аҳамияти болое қоил ҳастем ва тааҳҳуди худро барои тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ бо Эрон барои сулҳу амнияти минтақаӣ эълом мекунем.

Муҳаммад Шаҳбози Шариф пас аз дидорҳои рӯзи душанбеи худ дар Теҳрон бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ва Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури исломии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Муфтахарам, ки бо ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дидор кардам ва аз эшон ба хотири нақши Эрон ба унвони миёнҷӣ ва ибрози нигаронӣ нисбат ба Покистон дар ҷараёни буҳрони ахир дар ҷануби Осиё ташаккур кардам.

Шаҳбози Шариф дар идома бар тааҳҳуди мустамари кишвараш ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву роҳбурдӣ бо Эрон барои сулҳ, рифоҳ ва суботи минтақаӣ ва барои манофеи мутақобили мардуми ҳар ду кишвар таъкид кард. /Ирна