Азми Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо
(last modified Tue, 27 May 2025 11:13:31 GMT )
Май 27, 2025 16:13 Asia/Dushanbe
  • Азми Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо

Порс-Тудей. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бар азми қотеи Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо таъкид кард.

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, зимни хайрамақдам ба маршал Осим Мунир ва ҳайати ҳамроҳ, бо таъкид бар инки алоиқу нигоҳи роҳбурдии Раҳбари инқилоби исломӣ ба кишвари Покистон амиқу мондагор аст, гуфт: Ду кишвар барои аз байни бурдани терроризм дар ду сӯи марзҳо азми қотеъ доранд.

Фармондеҳи артиши Покистон ҳам дар ин дидор, зимни таъкид бар тақвияти ҳамкорӣ дар хусуси мубориза бо терроризм дар марзҳои муштарак гуфт: Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз таҷрибиёти арзишманде дар ҳавзаҳои мухталиф бархӯрдоранд ва мо ҳамвора дар талошем ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоиро бо Эрон густаришу иртиқо диҳем.