Ифшогарии бархе манобеи исроилӣ: Мизони исобати мушакҳои эронӣ 3 баробар шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i120672
Бархе манобеи исроилӣ ба нақл аз мақомоти аршади низомии ин режим эътироф кардаанд, ки мизони исобати мушакҳои эронӣ ба аҳдофи худ дар сарзаминҳои ишғолӣ нисбат ба амалиётҳои “Ваъдаи содиқи 1” ва “Ваъдаи содиқи 2” се баробар шудааст.
(last modified 2025-06-22T06:35:05+00:00 )
Июн 20, 2025 19:21 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии бархе манобеи исроилӣ: Мизони исобати мушакҳои эронӣ 3 баробар шудааст
    Ифшогарии бархе манобеи исроилӣ: Мизони исобати мушакҳои эронӣ 3 баробар шудааст

Бархе манобеи исроилӣ ба нақл аз мақомоти аршади низомии ин режим эътироф кардаанд, ки мизони исобати мушакҳои эронӣ ба аҳдофи худ дар сарзаминҳои ишғолӣ нисбат ба амалиётҳои “Ваъдаи содиқи 1” ва “Ваъдаи содиқи 2” се баробар шудааст.

Ба гузориши Порс-Тудей, шуморе аз манобеи исроилӣ мегӯянд, ки тақрибан аз ҳар ду мушаки эронӣ як мушак ба ҳадаф исобат мекунад, ки ҳамин эътироф низ омори болое аст. Ҳол он ки мақомоти низомии Исроил дар гузашта муддаӣ буданд, ки 90 дарсади мушакҳои эрониро раҳгирӣ мекунанд.

Бо ин ҳама, иттифоқи субҳи имрӯз – ҷумъа як рухдоди таъинкунандаи дигар маҳсуб мешавад. Зеро расонаҳо ва масъулони саҳюнистӣ ин бор эъӣтироф карданд, ки Эрон як мушак шиллик кард ва ҳамон як мушак низ бидуни раҳгирӣ ба ҳадафи муҳими худ, ки як маркази амниятӣ-низомии исроилӣ буд, исобат кард.

Қудрати болои мушакҳои эронӣ дар ҳолест, ки саҳюнистҳо аз тамоми зарфиятҳои падофандии амрикоӣ-исроилӣ ва ... истифода мекунанд.