Бақоӣ: Эрон ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи Яманро маҳкум кард
(last modified Thu, 29 May 2025 03:56:39 GMT )
Май 29, 2025 08:56 Asia/Dushanbe
  • Бақоӣ: Эрон ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи Яманро маҳкум кард

Порс Тудей - Сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва инҳидоми ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Яманро нишонаи дигаре аз сабъяти ин режиму душмании он бо мардуми мусулмони Яман ва минтақа донист ва онро маҳкӯм кард.

Исмоили Бақоӣ, ин ҳамлаи режими саҳюнистӣ, ки дар мавсими ҳаҷ ва бо ҳадафи мамониат аз интиқоли ҳуҷҷоҷи яманӣ ба сарзамини ваҳй ва ширкат дар маносики ҳаҷ иртикоб ёфтааст, ҷинояте бузург тавсиф кард ва хостори таваҷҷуҳи фаврӣ ва ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ бавижа Созмони байналмилалии ҳавопаймоии ба ин вазъият шуд. Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба таҷовузи мукаррари режими саҳюнистӣ ба зерсохтҳои иқтисодӣ ва таъсисоти мадании Яман, ин ҳамалотро мисдоқи равшани ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият донист. / ИРНА