Ориф: Тавсеаи равобити Теҳрон - Душанбе дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
(last modified Thu, 29 May 2025 05:21:20 GMT )
Май 29, 2025 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ориф: Тавсеаи равобити Теҳрон - Душанбе дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст

Порс Тудей - Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди панҷшанбе гуфт: Тоҷикистон кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон аст ва тавсеаи равобит бо ин кишвар ҷузви авлавиятҳои аввали равобити сиёсати хориҷии Эрон аст.

Муҳаммадризо Ориф, ки дар садри ҳайате баландпоя ба даъвати нахуствазири Тоҷикистон ва ба манзури дидори расмии дуҷониба ва ҳамчунин ширкат дар Конфронси байналмилалии ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ, Теҳронро ба мақсади Душанбе тарк кард, пеш аз азимат дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Тавсеаи равобит бо ҳамсоягон бавижа Тоҷикистон дар авлавияти аввали давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар солҳои ахир низ бо ин кишвар раванди рӯ ба рушде доштааст. / Хабаргузории Садо ва симо