Ироқчӣ дар Қоҳира: Эрону Миср масъулияти муштарак барои сулҳи минтақа доранд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120452-Ироқчӣ_дар_Қоҳира_Эрону_Миср_масъулияти_муштарак_барои_сулҳи_минтақа_доранд
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити Эрону Миср бесобиқа аст.
(last modified 2025-06-03T05:31:22+00:00 )
Июн 03, 2025 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ дар Қоҳира: Эрону Миср масъулияти муштарак барои сулҳи минтақа доранд

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити Эрону Миср бесобиқа аст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ дар твитте, ки ба забони арабӣ мунташир кардааст, афзуд: Баъд аз солҳои тӯлонӣ дипломатияи Эрону Миср вориди марҳалаи ҷадиде шудааст. Сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити ду кишвар бесобиқа аст.

Ироқчӣ афзуд, ба унвони ду қудрати муассири минтақа ва бархӯрдор аз фарҳангу тамаддуни бостонӣ, Эрону Миср масъулияти муштарак барои ҳифзи сулҳу суботу оромиши минтақа доранд. /Ирна