Раиси Ҷумҳурии Эрон : Режими саҳюнӣ аз иқдоми худ пушаймон хоҳад шуд
(last modified Fri, 13 Jun 2025 10:55:12 GMT )
Июн 13, 2025 15:55 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон : Режими саҳюнӣ аз иқдоми худ пушаймон хоҳад шуд

Порстудей - Дар вокуниш ба ҳамлаи террористии бомдоди рӯзи ҷумъаи режими саҳюнистӣ ба Эрон дар матлабе дар сафҳаи раиси Ҷумҳурии исломӣ бо эъломи баргузории ҷаласаи вижаи ҳайати давлат , омада : Ин режим аз иқдоми имрӯзи худ пушаймон хоҳад шуд.

Дар пайи ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ва шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони низомӣ ва донишмандони ҳастаӣ ва мардуми Эрон паёме дар сафҳаи шахсии Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии исломӣ дар шабакаи иҷтимоии Х омада : Ба маҳзи вуқуъи ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнӣ то кунун раиси ҷумҳӯр ва аъзои  давлат мудирияти саҳнаро бар уҳда гирифта ва раиси Ҷумҳурӣ ба зудӣ бо мардуми Эрон суҳбат хоҳад кард. Дар ин паём таъкид шуда, ки ба умеди Худо режими саҳюнӣ аз иқдоми имрӯзи худ пушаймон хоҳад шуд.