Нобудии 85 дарсади манозили мардуми Ғазза тавассути Исроил
-
Нобудии 85 дарсади манозили мардуми Ғазза тавассути Исроил
Порс тудей- Сухангӯи бемористони Шуҳадои Ақсо эълом кард, ки артиши Исроил дар ҷараёни таҷовузоти ахир , беш аз 85 дарсади манозили ғайри низомиёни Ғаззаро тахриб ва амалан ҷамъияти ин Борикаро овора кардааст.
Халил -ал -Деқрон (Khalil al-Degran)нисбат ба паёмадҳои хатарноки қатъии барқ дар бемористонҳои Ғазза ҳушдор дод ва таъкид кард: Тавақуфи ҷараёни барқ дар марказҳои дармонӣ, амалан ба маънои аз байн рафтани ҷони беморон аст. Сухангӯи бемористони Шуҳадои Ақсо ҳамчунин эълом кард, ки режими саҳюнистӣ аз вуруди сухти кофӣ барои роҳандозии бемористонҳо ҷилавгирӣ мекунад, масъалае, ки амалкарди ҳаётитарин таҷҳизоти пизишкиро мухтал карда ва ҷони ҳазорон нафар ба вижа беморони ниёзманди муроқибатҳои вижаро таҳдид мекунад. Ал Деқрон дар идома ба вазъияти нигарон кунандаи кӯдакони Ғазза низ ишора кард ва гуфт : Беш аз 650 ҳазор кӯдак ба далели маёмадҳои муҳосира, бо суйи тағзияи шаддид мувоҷҷеҳ ҳастанд ва дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки ҳаррӯз ҷонашон дар маърази таҳдид қарор дорад.