Вокуниши вазири хориҷаи Эрон ба лаффозиҳои нахуствазири режими саҳюнӣ
(last modified Mon, 14 Jul 2025 06:06:51 GMT )
Июл 14, 2025 11:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазири хориҷаи Эрон ба лаффозиҳои нахуствазири режими саҳюнӣ

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар бораи лаффозиҳои Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнӣ гуфт: Натанёҳу тақрибан ду соли пеш ваъдаи пирӯзӣ дар Ғаззаро дод, аммо натиҷаи он ботлоқи низомӣ, мувоҷеҳа бо ҳукми боздошт ба далели ҷиноёти ҷангӣ ва ҷазби 200 ҳазор неруи ҷадид ба Ҳамос шуд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Дар Эрон низ Натанёҳу хаёл мекард метавонад беш аз 40 сол дастоварди сулҳомези ҳастаиро пок кунад. Натиҷаи ниҳоӣ: ҳар як аз даҳҳо донишманди эронӣ, ки муздуронаш ба шаҳодати расонданд, беш аз сад шогирди тавонманд тарбият кардаанд, ки онҳо ба нахуствазири режими саҳюнистӣ нишон хоҳанд дод, чӣ тавоноиҳое доранд.

Вазири хориҷаи Эрон дар идома афзуд: Ҷудо аз масхара будани ин тасаввур, ки Эрон чизеро аз як ҷинояткори ҷангии таҳти таъқиб бипазирад, суоли иҷтинобнопазир ин аст: Натанёҳу дақиқан чӣ чизе масраф карда? ва агар ҳеҷ чиз масраф накарда, Моссад дақиқан чӣ чизе алайҳи Кохи Сафед дар даст дорад?