Ароқчӣ: Созмони шанхай ба зуди аз арсаи минтақаӣ фаротар меравад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120992
Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе гуфт: Созмони Ҳамкории Шанхай ба тадриҷ ҷои худро дар арсаи ҷаҳони бештар боз карда ва аз арсаи минтақаӣ фаротар ва мавзуъоти бисёр мухталиферо ҳам дар ҷанбаи иқтисодӣ ва ҳам дар ҷанбаи сиёсӣ ва амниятӣ дар дастури кор дорад.
(last modified 2025-07-15T06:33:10+00:00 )
Июл 15, 2025 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ароқчӣ: Созмони шанхай ба зуди аз арсаи минтақаӣ фаротар меравад

Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе гуфт: Созмони Ҳамкории Шанхай ба тадриҷ ҷои худро дар арсаи ҷаҳони бештар боз карда ва аз арсаи минтақаӣ фаротар ва мавзуъоти бисёр мухталиферо ҳам дар ҷанбаи иқтисодӣ ва ҳам дар ҷанбаи сиёсӣ ва амниятӣ дар дастури кор дорад.

Сайид Абоси Ароқчӣ гуфт: Дар иҷлоси вазирони хориҷаи СҲШ стратегияи рушди созмон ва кишварҳои ин созмон дар бахши энергетика ва тиҷорат ва низ бахшҳои дигар ниҳои хоҳад шуд ва баҳсҳои байналмилалии руз низ табъан сурат хоҳад гирифт.

Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Ҷумҳурии исломии Эрон  афзуд: Тақрибан ҳамаи созмонҳои байналмиалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла СҲШ ва беш аз 120 кишвари ҷаҳон ин иқдом ва низ ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ Эронро маҳкум ва бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамбастагӣ ва ҳимоят карданд.