Нахуствазири Ироқ: Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест
Порс тудей- Нахуствазири Ироқ таъкид кард, ки тамоюли ҷидди аз суи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дастёби ба тавофуқе, ки манофеъи онро тазмин кунад ва ҳамчунин нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳониро дар назар бигирад вуҷуд дорад чаро ки Теҳрон тасмими барои дастёби ба силоҳи ҳастаӣ надорад.
Муҳаммад Шиъо Алсудонӣ дар мусоҳибаи бо рузномаи Ал-Шарқ Ал-Авсат дар хусуи мавозенаҳои ҷадид дар минтақа ва ҳамчунин дар бораи ин масъала ки оё аз вуқуъи даври ҷадиди аз таниш миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ бим дорад? гуфт: Бале чун ҳама медонанд, ки Исроил ба ҳеҷ оташбасе на дар Ғазза ва на дар Лубнон пойбанд набуда ва табиъи аст, ки мумкин аст ба таҷҳизоти бештари зидди Эрон даст бизанад чаро, ки сиёсат, равиш ва роҳбурди Тел-Авив ҳифзи минтақа дар вазъияти ҷанги доими аст.
Нахуствазири Ироқ таъкид кард: Робитаи мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон як робитаи широкати роҳбурди аст, ки бар муштаракоти динӣ, фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва манофеъи мутақобил устувор аст ва ҳамчунин Эрон дар мақтаҳои мухталиф чи дар даврони низоми дектатори ва чи дар даврони мубориза бо терроризм ва фароянди сиёсӣ дар канори Ироқ ва мардуми он истода аст.