Идомаи куштор дар Ғазза/ Намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин шаҳид шуд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120996
Порс тудей- Расонаҳои фаластинӣ сешанбе аз шаҳодати як намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин дар идомаи куштор ва ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза хабар доданд.
(last modified 2025-07-15T06:54:33+00:00 )
Июл 15, 2025 11:53 Asia/Dushanbe
  • Идомаи куштор дар Ғазза/ Намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин шаҳид шуд

Порс тудей- Расонаҳои фаластинӣ сешанбе аз шаҳодати як намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин дар идомаи куштор ва ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза хабар доданд.

Фараҷ Алғул узви маҷлиси қонунгузории Фаластин дар ҳамлаи ҳавоӣ артиши режими кудакуши саҳюнистӣ ба хонаи у дар шаҳри Ғазза шаҳид шуд. Дар ҳамин росто ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи Ғазза рузи сешанбе ҳам идома ёфт ва манобеъи пизишкии фаластинӣ аз шаҳодати 5 нафар ва захми ва мафқуд шудани теъдоди дигар дар ҳамла ба як хона дар урдугоҳи Алшоти дар ғарби шаҳри Ғазза хабар дод.

Бар асоси эъломи расонаҳои фаластинӣ "Алом Азом" қори машҳури фаластинӣ низ бомдоди имруз ба ҳамроҳи хонаводаи худ дар бомбаборони минтақаи Тел Ал-Ҳаво дар шаҳри Ғазза шаҳид шуд, шимоли урдугоҳи Насирот дар маркази Ғазза низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ артиши режими саҳюнистӣ қарор гирифт манобеъи хабари ҳамчунин аз гулулаборони идомадори тупхонаи манотиқи шарқи шаҳри Ғазза хабар доданд.