Ҳамос: Режими саҳюнистӣ дар ҳоли эъдоми ду миллион нафар аст
Июл 22, 2025 10:38 Asia/Dushanbe
-
Ҳамос: Режими саҳюнистӣ дар ҳоли эъдоми ду миллион нафар аст
Порс тудей- Мушовири расонаи раиси дафтари сиёсӣ Ҳамос аз кишварҳои исломӣ ва араби дархост кард, ки ба ду миллион нафар таҳти муҳосира дар борикаи Ғазза ғазо бирасонанд.
Тоҳир Алнуну мушовири расонаи раиси дафтари сиёсӣ Ҳамос эълом кард: Дар ҳоли ҳозир бо як амалиёти наслкуши ва эъдоми ҷамъи зидди беш аз 2 миллион нафар аз сокинони Ғазза ру ба ру ҳастем. Аз кишварҳои исломӣ ва араби мехоҳем сариҳан мавзеъи худро дар баробари куштори кудакони бегуноҳи Ғаза эълом кунанд.
Аз ҳамаи кишварҳои исломӣ ва араби тақозо дорем, ки бобати вуруди ғизо барои беш аз 2 миллион нафар аз сокинони таҳти муҳосира дар борикаи Ғазза иқдом кунанд.