Ҳамос: Суханони Трамп дар бораи инкори қаҳтӣ дар Ғазза маҳкум аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121200-Ҳамос_Суханони_Трамп_дар_бораи_инкори_қаҳтӣ_дар_Ғазза_маҳкум_аст
Порс-Тудей. Як мақоми аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) нисбат ба суханони раиси ҷумҳурии Амрико, ки мункири вуҷуди қаҳтӣ дар Ғазза шуда буд, вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 28, 2025 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Суханони Трамп дар бораи инкори қаҳтӣ дар Ғазза маҳкум аст

Порс-Тудей. Як мақоми аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) нисбат ба суханони раиси ҷумҳурии Амрико, ки мункири вуҷуди қаҳтӣ дар Ғазза шуда буд, вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард.

Иззат Аррашақ, узви дафтари сиёсии Ҳамос дар баёнияе бо таъкид бар инки аз давлати Амрико мехоҳем аз такрори таблиғоту дурӯғҳои ошкори режими саҳюнистӣ даст бардорад, гуфт: Изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи инкори вуҷуди қаҳтӣ дар Ғазза, такрори расвоӣ аз ривояти дурӯғини Бенёмин Натанёҳу аст ва ба режими саҳюнистӣ пӯшиши бештаре барои идомаи ҷанг, наслкушӣ ва гурусна нигаҳ доштани мардуми Ғазза медиҳад. Ин мақоми Ҳамос афзуд: Иттиҳомоти Амрико дар хусуси “сирқат”-и кумакҳои башардӯстона, беасос ва фоқиди ҳар гуна мадрак аст.